Баррасии масоили муҳоҷират дар Зафаробод

Апрель 17, 2012 14:35

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 16 апрели соли равон дар маркази ноҳияи Зафаробод семинар-тренинг дар мавзӯи «Идораи муҳоҷират» оғоз гардид. Он дар толори маркази «Баҳор»-и ноҳия бо ҷалби намояндагони шӯъбаҳои кор бо занон ва оила, САҲШ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, хадамоти гумрук, шӯъбаи шиносномадиҳӣ, ҷавонон ва маорифи мақомоти иҷроияи ноҳия, намояндагони ҷамоатҳою шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ноҳия доир ба масъалаи муҳим барои шаҳрвандони мамолики пасошӯравӣ ҷараён гирифт. Мушовири миллии Созмони байналмилалии муҳоҷират Моёншо Маҳмадбеков доир ба мавзӯи «Эҷоди тавонмандӣ ва иттилоот барои муҳоҷирони потенсиалӣ ва оилаҳои онҳо дар хусуси муҳоҷирати меҳнатӣ ва интиқоли маблағҳо» сухан карда, ҳамзамон дар бобати ба мушкилот мувоҷеҳ нагардидани муҳоҷирати меҳнатӣ тавсияҳо дод. Семинар бо дастгирии «Барномаи рушди деҳот» созмон дода шуд ва давоми чор рӯз ҷанбаҳои гуногуни муҳоҷирати меҳнатиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамати матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Апрель 17, 2012 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд