Бекорон дастгирӣ меёбанд

Апрель 17, 2012 16:47

Душанбе, 17 апрел. ( АМИТ «Ховар»,Зарина Саидова). -Дар доираи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои дастгирии ташаббуси бекорон дар рушди соҳибкорӣ тавассути пардохти қарзҳои имтиёзнок ба шаҳрвандони бекор чорабиниҳо амалӣ мешаванд. Дар ин раванд фаъолият тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006, №62 «Дар бораи тасдиқи «Қоидаҳои аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд» ва нишондиҳандаҳои «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2013» амалӣ мешавад. Ба ҳолати 29 марти соли 2012 дар заминаи қарорҳои мазкур ва нишондодҳои Барнома, ки масъалаҳои дастгирии шаҳрвандони бекорро ҷиҳати ташкили корҳои фардӣ танзим менамоянд, аз ҳисоби маблағҳои бозгаштшуда ба 585 нафар шаҳрванди бекор дар ҳаҷми 1668414 сомонӣ ё худ ба ҳар як шаҳрванд ба андозаи 71,3 имтиёз барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пардохт гардид. Тибқи маълумот тайи давраи ҳисоботӣ бо мусоидати мақомоти Агентӣ ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти истеҳсолӣ ба 303 нафар шаҳрванди бекор дар ҳаҷми 850572 сомонӣ, барои пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ, ба 189 нафар шахси бекор ба андозаи 545860 сомонӣ ва барои пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба 93 нафар шаҳрванди бекор дар ҳаҷми 271982 сомонӣ қарзҳои хурди имтиёзнок пардохт гардидааст. Дар ин давра ба дастгирии ташаббуси занону ҷавонон низ аҳамият дода шуда, давоми семоҳаи аввали соли равон ба 258 нафар занон дар ҳаҷми 729807 сомонӣ ва ба 145 нафар ҷавони бекор барои рушди cоҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ 413766 сомонӣ қарзҳои хурди имтиёзнок дода шудааст. Дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир гардид. Аз ҷониби шаҳрвандон дар ҳаҷми 1785100 сомонӣ маблағи қарз баргардонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 296831 сомонӣ зиёд мебошад.

Апрель 17, 2012 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд