Дар хӯрдани тухмбирён эҳтиёт бошед
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони пасошӯравӣ мурғпарварӣ чун як соҳаи сердаромад ва зарурӣ аз нав рушд ёфт ва дар ин бора барномаи давлатӣ қабул гардид. Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ 23 корхонаи паррандапарварӣ фаъолият дорад. Тибқи маълумоти КВД «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон» дар ин корхонаҳо ва хоҷагиҳои алоҳида беш аз 1 млн. 600 сар парранда парвариш меёбад.Ба иттилои манбаъ, соли 2011 ва дар семоҳаи аввали соли 2012 корхонаҳои паррандапарварӣ беш аз 160 млн. тухм истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2010 15 млн. дона зиёд аст. Ба гуфти сардори раёсати байторию санитарии Хадамоти давлатии байтории ҷумҳурӣ Шералӣ Вазиров, роҳи дигари заҳролудшавии инсон риоя нашудани мӯҳлати нигаҳдории тухм дар фасли тобистон аст, ки беш аз 5 рӯз наметавон онро дар ҳавои кушод нигоҳ дошт. Бо риояи тамоми технология тухмро 28 рӯз нигоҳ доштан мумкин аст. Агар хоҳед гирифтори бемории батулизм нагардед, мӯҳлати нигоҳдории тухмро риоя намоед,- мегӯяд мутахассис.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






