Худкушии футболбози кореягӣ
Душанбе, 17 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Футболбози кореягӣ Ли Гюн Хван, ки бо сабаби иштирокаш дар бозиҳои бомаслиҳат аз футбол умрбод дур карда шуда буд, ба худкушӣ даст задааст, -хабар медиҳад сомонаи Goal.com. Ин бозингари 24- сола дар шаҳри Ичхон худро аз боми хонааш ба замин партофт ва дар роҳ ба сӯи беморхона ҷон дод.Ли Гюн Хван дар ҳайати дастаи «Тэчҷон Ситизен» ва «Сувон Самсунг Блюингз» бозӣ кардааст. Ин ҳодисаи чорум дар ин поя аст. Моҳи маи соли 2011 нимҳимоятгари яке аз дастаҳои дивизиони сеюми ин кишвар Чжон Чон Кван худро дар хонааш овехта буд. Мураббӣ Ли Су Чхол ва дарвозабони «Ичхон Юнайтед» Юн Ки Вон ҳам бо ҳамин тарз бо ин ҷаҳон падруд гуфтаанд








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






