Ифтитоҳи филиали МИСиС дар Душанбе

Апрель 17, 2012 15:54

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт. Хотиррасон бояд намуд, ки ин филиали дуюмин муассисаи таҳсилоти олии Федератсияи Русия аст, ки дар Тоҷикистон ифтитоҳ меёбад. Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологӣ дар заминаи Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав таъсис ёфта, дорои шуҳрати ҷаҳонӣ мебошад ва яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Русия ба шумор меравад. Дар маросими ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ, ҳамчунин Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия, Роҳбари агентии федералӣ доир ба ҳамкории гуманитарӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Константин Косачев, Ректори Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС Дмитрий Ливанов ва масъулони соҳаҳои маориф ва саноату энергетикаи Тоҷикистон иштирок намуданд. Зимни шиносоӣ бо шароити таълимии дар ин бинои 6 – ошёна муҳайёгашта, аз ҷумла зикр гардид, ки соли равон барои таҳсил дар ин филиал аллакай то 500-600 нафар донишҷӯён барои таҳсил қабул карда мешаванд. Тибқи нақшаи дурнамо шумораи донишҷӯён дар ин ҷо бояд то ба ҳазор нафар расонда шавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои таъмини фаъолияти бемонеа ва босамари ин муассисаи таълимӣ дар муддати кӯтоҳ як бинои иловагии таълимӣ ва хобгоҳи муосир низ омода карда шавад. Изҳори умед карда шуд, ки минбаъд дар ин ҷо натанҳо донишҷӯён аз Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа низ таҳсили илм хоҳанд кард, зеро заминаи моддию техникии таълимии он аллакай ба пешқадамтарин шароити ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст ва минбаъд боз ҳам такмил хоҳад ёфт. Таъкид гардид, ки парки техникии филиал ҳарчи зудтар омода карда шавад ва аз пойгоҳи Корхонаи саноатии Тоҷиктекстилмаш низ васеъ истифода карда шавад. Ҳоло ин бинои таълимӣ дорои синфхонаҳои компютерӣ, лингофонӣ, озмоишгоҳҳои гуногуни кимиёӣ, физикӣ ва физикию кимиёӣ, китобхонаи электронии пайваст ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва дигар шароити муосир буда, барои таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои энергетика, саноат, металлургия, геология, кӯҳкорӣ ва ғайра омода аст. Барои таълими босифати донишҷӯён беҳтарин омӯзгорон аз Тоҷикистону Русия ҷалб карда мешаванд. Барои ин ҳамчунин шароити зарурии техникӣ барои таҳсили фосилавӣ низ муҳайё аст. Бо истифода аз ин таҷҳизот омӯзгорон аз Маскав истода ба донишҷӯёни тоҷик дарс медиҳанд. Пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба ташкили таҷрибаомӯзии тобистонаи донишҷӯёни тоҷик дар парки техникии Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС дар шаҳри Маскав хуб пазируфта шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба ифтитоҳи Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС дар шаҳри Душанбе ҳозирин ва мардуми ҷумҳуриро бо ин рӯйдоди фараҳбахш шодбош гуфта, дурнамои ҳамкории фарҳангӣ ва илмию маърифатии Тоҷикистону Русияро дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон, ҳамчунин филиали Донишкадаи энергетикии Маскав ифтитоҳ меёбад. Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия, Роҳбари агентии федералӣ доир ба ҳамкории гуманитарӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Константин Косачев ва Ректори Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС Дмитрий Ливанов зимни суханронии худ аз робитаи 80 – солаи ин муассисаи таълимӣ бо Тоҷикистон ва ҳазорон таҳсилкардаи тоҷики он ёдовар шуда, изҳори боварӣ карданд, ки филиали душанбегии МИСиС минбаъд натанҳо ба Тоҷикистон, балки ба кулли кишварҳои минтақа хизмат хоҳад кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 17, 2012 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав мегарданд
ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид