Муҳофизи ганҷинаи ниёгон
Душанбе, 17 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Китобшинос ва феҳристнигори маъруфи тоҷик Абдуллоҷон Юнусов ба синни мубораки 75 қадам ниҳод. Ба ин муносибат дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ин даргоҳи маърифат ва аҳли зиё ҷамъомад баргузор гардид. Соҳибҷашнро бо 75-умин баҳори умр Носирҷон Салимов, директори Китобхонаи миллӣ табрик гуфта, ба Абдуллоҷон Юнусов тандурустӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно кард. Ҳамзамон дар ҳамоиш ҳамкасбон ва дӯстони ин марди китобшинос ва феҳристнигор доир ба рӯзгори наҷиб ва фаъолияти касбии ӯ сухан карданд. Донишмандон ва муҳаққиқони шинохтаи тоҷик Фарҳод Зикриёев, Ваҳҳоб Воҳидов, Мирзо Муллоаҳмадов, Шариф Комилзода ва дигар шахсиятҳо доир ба роҳи тайнамудаи Абдуллоҷон Юнусов дар бахши китобшиносӣ ва феҳристнигорӣ андешаронӣ намуда, соҳибҷашнро соҳибкитоб, хазинадор ва ҷамъкунандаи ганҷи маърифати ниёгон номиданд. Абдуллоҷон Юнусов дастпарвари факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, 53 сол инҷониб мудирии шӯъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии ҷумҳуриро ба ӯҳда дорад. Мавсуф номзади илмҳои филологист ва беш аз 500 асару мақола чоп намудааст. А. Юнусов дар ҷамъоварии дастхатҳои нодир аз аҳолӣ хизмати шоиста карда, беш аз 50 адад дастури библиографиро доир ба тарғиби осори нобиғаҳои адабиёти тоҷику форс, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва соири саромадони адабиёти классику муосирро таҳия намудааст. Мавриди зикр аст, ки дар шӯъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон 2 ҳазору 369 дастхати нодири мутаалиқ ба асрҳои 13-19 ва 15 ҳазор китоби чопи сангӣ ҳифз ва нигоҳдорӣ мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 13 дараҷа гарм мешавад
Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид






