Муаррифии китоб дар бораи Наврӯз

17 апрел 2012, 10:13

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ муаррифии китобҳои «Китобномаи Наврӯз», «Сабкшиносӣ» — и Маликушшуаро Баҳор, «Таърихи Бухоро» — Абӯбакри Наршахӣ, ҳамчунин китобҳои интишорнамудаи олимони Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Мураттибони ин китобҳо олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҶТ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази илмии байналмилалии фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ ба номи Борбад мебошанд. Баъди маросими муаррифии китобҳо конфронси илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «100 – солагии нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки ҳоло дар китобхонаи миллӣ аз ҷумлаи 153 нусхаи рӯзнома 119 нусхааш боқӣ мондааст.- Рӯзномаи «Бухорои Шариф» ҳамагӣ қариб 10 моҳ амри вуҷуд дошта бошад ҳам, вале ба барқароршавии журналистикаи тоҷик, ки баъдан онро рӯзномаю маҷаллаҳои сершумори кишварамон рушду густариш бахшиданд, таъсири зиёде расонид, — гуфт директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Н.Салимов.

17 апрел 2012, 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 13 дараҷа гарм мешавад
Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад