Президент қонунҳоро ба имзо расонид

Апрель 17, 2012 15:48

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» бори аввал қабул гардида, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, шартҳои ташаккулёбӣ ва татбиқи сиёсати давлатии инноватсионӣ, доираи субъектон, намудҳои фаъолияти инноватсионӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ, инчунин дигар муносибатҳоро дар ин соҳаи муҳими фаъолияти иқтисодӣ танзим менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади танзими низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул карда шудааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ, принсипҳои фаъолият ва вазъи ҳуқуқию иҷтимоии онҳоро танзим менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии нотариати давлатӣ, вазифа ва принсипҳои фаъолияти нотариалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муносибатҳоро дар соҳаи амалисозии фаъолияти нотариати давлатӣ ва ба ҷо овардани амалҳои нотариалӣ танзим менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати растаниҳо» муносибатҳоро вобаста ба муҳофизати растаниҳо танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо, инчунин дигар муносибатҳоро дар ин соҳа муайян менамояд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҷиҳати тарбияи наврасону ҷавон дар роҳи ҳаёти солим, танзими дақиқи ваколати вакилони ҷамоъат ва интихоботи онҳо, инчунин барои такмили фаъолият ва сохтори мақомоти мазкур равона карда шудаанд. Қонунҳои ба имзорасида ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиати давлату ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ, такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, рушди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар равона карда шудаанд. Матни пурраи қонунҳои баимзорасида дар рӯзномаҳои расмии кишвар дар рӯзҳои наздик ба нашр расонида мешаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Апрель 17, 2012 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд