Рӯзи илм таҷлил шуд
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 16 апрел дар Академияи илмҳои ҶТ ба муносибати Рӯзи илми Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид. Дар ҷаласа президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Маҳмадшо Илолов сухани табрикӣ кард.Дар ҷараёни ин тадбир мукофотҳои ба номи С.Умаров дар соҳаи илмҳои техника, геология, маъданшиносӣ ва кишоварзӣ ба доктори илмҳои техникӣ Холмурод Назаров ва номзади илмҳои техникӣ Нӯъмодҷон Ҳакимов, номзади илмҳои геология ва маъданшиносӣ Абдураҳим Қориев, доктори илмҳои кишоварзӣ Давлатҷон Комилзода ва номзади илмҳои техникӣ Азимҷон Хушматов супурда шуданд.Доктори илмҳои биология, академик Ислом Абдусаломов бо мукофоти ба номи Е.Н.Павловский дар соҳаи биология қадр гардид. Доктори илмҳои филологӣ академик Хуршеда Отахонова дорандаи мукофоти ба номи М.Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ гардид.Хотирнишон месозем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи илм дар ҳафтаи дуюми моҳи апрел таҷлил мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






