Тағйирот дар багузории ҷоми Президенти АФК
Душанбе, 17 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Тавре ки сомонаи Конфедератсияи футболи Осиё www.the-afc.com хабар медиҳад, дар гузаронидани бозиҳои Ҷоми президенти АФК, ки чемпиони Тоҷикистон дар он иштирок мекунад, тағйирот ба амал омад. Дар гурӯҳҳои «А» ва «С» ба ҷои чор дастаи пешбинишуда се дастагӣ байни ҳам мусобиқа мекунанд. Дар гурӯҳи «А» чемпиони Бангладеш «Шайх Ҷамол Даҳанмунди» ва аз гурӯҳи «С» чемпиони Шри-Ланка «Ратнам Спортс Клаб» аз иштирок кардан берун шуданд. Ҳамин тавр замони гузаронидани бозиҳо ҳам тағйир ёфт. Дар гурӯҳи «С», ки бозиҳо дар Тоҷикистон мегузаранд, оғози мусобиқа ба рӯзи 5 май гузаронида шуд. Дар ин рӯз тими «Балкан»-и Туркманистон бо клуби ҷавонони «Аламмари»-и Фаластин вомехӯрад.Рӯзи 7 май «Истиқлол» бо клуби ҷавонони «Аламмари» ва рӯзи 9 май бо дастаи «Балкан» бозиҳояшро сомон хоҳад дод. Дар гурӯҳи «Б» тағйирот ба амал наомадааст. Бозиҳои нихоӣ аз 24 то 30-ми сентябр барпо мегарданд. Макони баргузории вохӯриҳо баъдан муайян хоҳад шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






