Таъсиси «Созандагони Ватан» дар Бадахшон ва Рашт
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ нахустин маҷлиси умумии намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо иштироки раиси вилоят Қодири Қосим ва зиёда аз 120 нафар ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.Дар маҷлис раиси ВМКБ Қодири Қосим, раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-Адҳам Мирсаидов ва аъзои раёсати кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба самтҳои баланд бардоштани мавқеъ ва нақши ҷавонон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷавонон сухан гуфтанд. Инчунин дар ҷараёни маҷлис дигар иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони шаҳру ноҳияҳо дар мавриди таъсиси намояндагии ташкилоти «Созандагони Ватан» пуштибонӣ ва дастгирии худро баён карданд. Ҳамин гуна маҷлисҳои таъсиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» 14 апрели соли равон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ва ноҳияи Рашт баргузор гардида, ҳайати мақомоти роҳбарӣ ва раисони намояндагӣ дар ин минтақаҳо интихоб шуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






