Темур Зулфиқоров ва худшиносии миллӣ

апрел 17, 2012 16:35

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо шоир, олим, драматург ва публитсист Темур Зулфиқоров баргузор гардид. Дар вохӯрӣ дар мавзӯи “Худшиносии миллӣ ва шуури таърихӣ” сӯҳбат ҷараён гирифт. Азбаски номбурда соҳиби 20 китоб мебошад, мавзӯи асосии сӯҳбат бо кормандони ин ниҳод атрофи илму дониш ва баҳрабардорӣ аз китобҳои тозанашр сурат гирифт. Таъкид гардид, ки шоирону адибон пулеро мемонанд, ки бо эҷоди осори пурғановат фарҳангу тамаддуни як кишварро бо кишвари дигар пайваст месозанд. Темур Зулфиқоров аз зумраи он шоиронест, ки бо таҳияи осори пурарзиш соҳиби нишону ифтихорномаҳо шуда, чандин асараш дар шакли намоишномаи театрӣ пешкаши тамошобинон гардидаанд. Дар робита ба ин ва дигар масъалаҳои эҷодӣ бо кормандони Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор ба миён омад. Мавриди зикр аст, ки дирӯз дар Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси навбатӣ гузаронида шуд, ки дар он шоир, олим, драматург ва публитсист Темур Зулфиқоров ҳузур дошт ва дар мавзӯи “Худшиносии миллӣ ва муҳаббат ба ватан» сухан гуфт.

апрел 17, 2012 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 13 дараҷа гарм мешавад
Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад