“Тоҷикстандарт” бозорҳоро тоза мекунад
Душанбе, 18 апрел. АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — Аз ҷониби мутахассисони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайрихўроквории мўҳлати истеъмолашон гузашта ва пастсифату ғайристандартӣ дарёфт ва мусодира гардид. Аз ҷумла, дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ дар мағозаю бозорҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби мутахассисони Агентӣ як миқдор маҳсулоти гуногуни хўроквории мўҳлаташон гузашта ва дигар маснуоти ғайристандартӣ ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд. Ин маҳсулоти мўҳлаташон гузашта асосан аз нӯшобаҳои навъи «Сoca Cola»-4600 литр, иловагиҳои ғизоӣ-зиёда аз 11 тонна, қандчаҳои истеҳсоли ҷумҳурии Чин-2988 инчунин теъдоди зиёди маҳсулоти макаронӣ, маҳсулоти қаннодӣ, хўришҳо, чой ва ғайра иборат буданд.Инчунин миқдори зиёди маҳсулоти тамоку(сигаретаҳо), ки бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку”, ба муомилот бароварда шуда буданд, ошкор гардид. Умуман, аз аввали соли ҷорӣ то ин муддат дар миқёси ҷумҳурӣ аз тарафи нозирони Агентӣ дар 72 ҳолат 88 тонна маҳсулоти ғизоӣ, ки ҷавобгўи талаботи стандартҳо набуданд, ошкор ва аз муомилот гирифта шудааст, нобудсозии маҳсулот дар якҷоягӣ бо мақомоти марбута гузаронида, аз натиҷаи нобудсозӣ санадҳои якҷоя тартиб дода шудаанд.Дар самти назорати риояи талаботи қонунгузории соҳаи моликияти зеҳнӣ аз тарафи ширкатҳои хориҷӣ ва ватанӣ доир ба ҳимояи нишони молӣ ва мавҷуд будани молҳои қалбакӣ дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ ба Агентии мазкур арзу шикоят ворид шуданд ва нисбати ҳамаи ин аризаҳо аз тарафи мутахассисон корҳои муайяне ба анҷом расонида шуданд. Молҳои тақаллубӣ аз муомилот гирифта шуда, мутасаддиён ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Масалан, дар ин давра тибқи аризаи ширкати Атрак-Шимии Шарқӣ, ки тақаллубкорон бо нишони молии ин ширкат ранг истеҳсол намуда ба муомилот мебароварданд, аз тарафи нозирони Тоҷикстандарт дар ҳамкорӣ бо Кумитаи амнияти миллӣ 1600 қуттӣ рангҳои калбакии худсози тамғаи “Бергер” дарёфт гардиданд, ки тибқи протоколи ташхисӣ ҷавобгўи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ набуда, аз муомилот гирифта шуданд. Камбудиҳои содиршуда аз паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва маданияти соҳибкорону фурўшандагон дарак медиҳанд. Зикр кардан ба маврид аст, ки Агентии Тоҷикстандарт якҷоя бо мақомоти дахлдор бозори истеъмолии мамлакатро аз воридоти маҳсулоти пастсифату ба талабот ҷавобгўй набуда ва мўҳлати истифодаашон гузашта ҳимоя менамояд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






