«TOJEXPO» дар Душанбе «Баҳор- 2012»-ро мегузаронад
Душанбе, 17 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Муддати се рӯз- аз 26 то 29 апрели соли равон дар «Кохи Борбад»-и Душанбе намоишгоҳи байналмилалии саноат ва тиҷорати Тоҷикистон «Баҳор- 2012» баргузор мегардад. Чорабинӣ бо дастгирии расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва ҶДММ «ТOJ EXPO» созмон дода шуда, ҳадафаш муаррифии молу маҳсулоти мухталифи саноатӣ, рушди иқтисодиёти кишвар,тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни кишварҳои ҷаҳон ва ҷалби сармоя ба кишвар аст. Маъруф Ҳамроев, корманди масъули ширкати «ТOJEXPO» дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар намоишгоҳ намояндагони беш аз 10 кишвари ҷаҳон, назири Русия, Чин, Эрон, Туркия, Гурҷистон, Украина, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат намуда, молу маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд. Намоишгоҳи байналмилалии саноат ва тиҷорати Тоҷикистон «Баҳор 2012» аз бахшҳои гуногун- сохтмон, энергетика, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ ва атриёт, мебел ва ороишот иборат мебошад. «TOJEXPO» ширкати намоишгоҳӣ буда, соли равон таъсис дода шудааст ва ният дорад, ки соле ду маротиба дар ҷумҳурӣ намоишгоҳҳои байналмилалии саноатию тиҷоратиро ҷиҳати рушди иқтисодиёти кишвар созмон диҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






