Вуруди технологияҳои нав барои корхонаҳои мошинсозӣ
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади иҷрои нақшаҳои рушди соҳаи саноат ба коргоҳ ва корхонаҳои навтаъсиси соҳаи мошинсозӣ ва кимиё дар семоҳаи аввали соли 2012 ба маблағи 935 ҳазор доллари ИМА дастгоҳу таҷҳизот ва хатҳои технологӣ ба ҷумҳурӣ ворид гардидааст. Дар шаҳри Қайроққум ҶММ «Сайқал» хати технологии коркарди дуюмбораи пластмассаро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 19,2 ҳазор доллари ИМА ворид ва насб намуда ба истифода додааст. Корхона партовҳои пластмассиро дар минтақаҳои вилояти Суғд ҷамъоварӣ намуда, аз он гранулаи пластмассӣ истеҳсол ва ба Чин содир менамояд.Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 13 дараҷа гарм мешавад
Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид






