Зиёд шудани истеҳсоли гӯшту шир

Апрель 18, 2012 10:33

Душанбе, 18 апрел.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳҳои январ-марти соли 2012 истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи сохтори хоҷагиҳо ба 23 ҳазору 911 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ – марти соли 2011 9,1 фоиз зиёд аст.Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, истеҳсоли гӯшт дар ВМКБ 37,4 фоиз, вилояти Хатлон -9,3, Суғд-4,8 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ беш аз 130 ҳазор тонна шир низ истеҳсол шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 7 фоиз зиёд аст. Хоҷагиҳои истеҳсолкунанда баробари барзиёди истеҳсоли гӯшту шир нархи маҳсулоти худро низ боло бурданд, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Апрель 18, 2012 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад