Мулоқоти С. Девонаев бо О. Гаврук

Май 15, 2012 17:35

Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар Душанбе вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврук баргузор гардид. Зимни мулоқот тарафайн доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ табодули назар карданд. Сардори Хадамоти муҳоҷират доир ба тасдиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус «Оид ба фаъолияти муваққатии шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва шаҳравандони Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба имзо расидааст, иттилоъ дод.Ҳамчунин дар навбати худ сафир қайд намуд, ки Созишномаи байниҳукуматӣ дар айни ҳол дар сатҳи омӯзиш қарор дошта, дар фурсати наздик ба тасвиб хоҳад расид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар рӯзҳои наздик аз Донишгоҳи давлатии аграрӣ дидан хоҳанд кард.Бо ташаббуси сардори Хадамоти муҳоҷират пешниҳод гардид, ки дар оянда ҷиҳати омӯзиши табодули таҷриба, донишҷӯён ба донишгоҳҳои кишварҳои ҳамдигар фиристода шаванд. Тарафҳо зимни мулоқот атрофи дигар лоиҳаҳои дар ин самт мавҷудбуда ибрози андеша намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Май 15, 2012 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад