О. Оқилов генерали артиши миллии Чинро пазируфт
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо узви Шӯрои марказии ҳарбӣ, сардори Ситоди генералии артиши миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин генерал- полковник Чэн Биндэ доир шуд. Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, инчунин ҷараёни омодагӣ ба баргузории машқҳои муштараки низомии зиддитеррористии ситоди фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна-2012», ки дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд, мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба табодули таҷриба намудани низомиёни ҳар ду давлат ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси низомӣ барои қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор карданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






