Эмомалӣ Раҳмон: «Мутахассисони ватаниро бештар ба кор ҷалб кунед!»
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Ёвон аз корхонаи муштараки Ху Ак Син Ғайюр семент, ки иқтидори истеҳсолии 1 млн тонна сементро доро мебошад, дидан намуд. Корхонаи мазкур бо сармояи 100 миллион доллари амрикоӣ сохта шуда истодааст. Гуфта шуд, баъди баистифодадиҳии ин корхона 1100 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷои кори доимӣ мегарданд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз рӯи нақша идома ёфта истодааст. Аз аввали соли ҷорӣ то ин чониб дар ин иншоот корҳои омода гардонидани майдончаҳои зери сохтмон, кандани замин ба андозаи 100% иҷро гардидианд. Аз аввали моҳи июн сар карда, ба ширкат ҳамарӯза дастгоҳу таҷҳизотҳо ворид гардида истодаанд. Корҳои бетонрезии таҳкурсиҳо аз даҳрӯзаи дуюми моҳи июл оғоз гардидааст. Айни замон шумораи коргарон дар корхонаи мазкур зиёда аз 400 нафар буда, аз ин шумора 110 нафар мутахассисони чиноӣ ва боқимонда коргарони ватанӣ мебошанд. Корҳои сотмонӣ дар иншоот босубот идома доранд. Сарвари Давлат ба масъулин дастур дод, ки тамоми кӯшишҳоро ҷиҳати ҳарчи бештар ба кор ҷалб намудани мутахассисони ватанӣ ба харҷ диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






