Баррасии ҳифзи бехатарии меҳнат
Душанбе, 5 сентябр.(АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторова). Рӯзҳои 3-4 сентябри соли равон бо ибтикори Созмони байналмилалии меҳнат дар осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» семинари омӯзишии ду рӯза оид ба ҳифзи бехатарии меҳнат бо иштироки кормандони Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ доир гардид. Дар он ҳамоҳангсози миллии лоиҳа Гулчеҳра Зиёева дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои корманд дар корхона ва корфармо маълумоти муфассал пешниҳод кард.Аз ҷумла, дар моддаи 37-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» омадааст: шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Иштирокдорони семинар ба саволҳои худ ҷавоби муносиб гирифта, донишҳои худро дар ин бахш такмил доданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






