Муҳокимаи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ

Сентябрь 26, 2012 10:50

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии 67-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ёвари Котиби давлатии ИМА Роберт Блейк, роҳбари Маркази минтақавии дипломатияи боздорандаи СММ дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча, мудири бахши Бонки Ҷаҳонӣ Кайл Петерс ва намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Патрисия Флор доир гашт. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳо дар минтақа дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла нақлиёт, тиҷорат, обу энергетика ва лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Ҷонибҳо инчунин дар мавриди дурнамои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа, сармоягузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Сентябрь 26, 2012 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад