Баррасии имкониятҳои ҳамкории дуҷониба
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш дар шаҳри Париж мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев бо аъзои Сенати Фаронса, раиси Гурӯҳи дӯстии «Фаронса – Осиёи Марказӣ» — и Сенати ин кишвар ҷаноби Андрэ Дюле ва муовини раиси гурӯҳи мазкур оид ба Тоҷикистон ҷаноби Ив Потсо ди Борго баргузор гардид. Мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масоили муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Фаронса дар бахши иҷтимоию сиёсӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва равобити байнипарлумониро мавриди муҳокима қарор доданд.Зимни мулоқот ҳамчунин имконияти бастани созишномаи дуҷониба дар бораи ҳамкории байни парлумонҳои ҳар ду кишвар ва барқарор намудани равобити зичи байнипарлумонӣ баррасӣ шуд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба амит «Ховар» хабар доданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






