Муроҷиатномаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам намояндагони Васоити ахбори омма! Муҳтарам муассисон ва истифодабарандагони сомонаҳои гуногуни интернетӣ!Хадмоти алоқаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун танзимгар ва нозири алоқа ҳамеша ба он мекӯшад, ки дар кишвари азизамон алоқаи барқӣ ва Интернет бо сифати баланд дастраси мардум гардонида шавад ва ба нафъи халқу Ватан хизмат намояд. Кӯшишҳои ҳамешагии Хадамоти алоқаи кишвар бо такя ба супоришу дархостҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он нигаронида шудааст, ки дар рушди низоми коммуникатсионии кишвар саҳмгузор бошанд ва алоқаву Интернетро бо сифати баланд ва нархи арзон дастраси ҳамагон гардонанд. Чунин кӯшишҳо аллакай самараи худро доданд ва дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ аз ҷиҳати ворид намудани технологияи навтарини коммуникатсионӣ ва пешниҳоди сифати хизматрасониҳо дар ҷои намоён қарор дорад. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандонро эҳтиром мекунад ва барои дастрасии аҳолӣ ба иттилоот дар кишвар тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва амалиро, аз ҷумла ба Интернет — ҳамчун сарчашмаии асосии иттилоот фароҳам овардааст. Дар фаъолияти Хадамоти алоқа дастрасии ВАО ва аҳолӣ ба ин сарчашмаи муҳим, яъне Интернет дар мадди аввал гузошта шуда, кӯшиш ба он мекунем, ки ВАО ва аҳолии кишвар дар ин соҳа ҳеҷ мушкилӣ надошта бошанд. Фаъолияти пурсамари Хадамоти алоқа аст, ки аз тарафи ширкатҳои гуногун сол ба сол ворид намудани технологияҳои муосиртарин идома дорад ва соҳаи мазкур ба яке аз соҳаҳои муваффақтарин табдил дода шуда, рақобати солим миёни ширкатҳо таъмин шудааст. Агар то охири солҳои навади асри гузашта дар кишвар танҳо як ширкати таъминкунандаи Интернет ва 1 оператори алоқаи рақамӣ вуҷуд дошта бошад, дар айни замон ин шумора аз 10 ҳам гузаштааст. Бояд зикр намуд, ки таъминоти аҳолӣ бо алоқа ва интернет дар Тоҷикистон дар айни замон ниҳоят дар сатҳи баланд қарор дошта, қобили ифтихор аст, ки зиёда аз 4.7 миллион ба алоқаи мобилӣ ва зиёда аз 3.7 миллион сокинони кишвар ба Интернет пайваст шудаанд ва аз хизматрасониҳои гуногуни он бе маҳдудият истифода мебаранд. Вале набояд фаромӯш кард, ки Интернет танҳо майдони муошират нест. Рушди ҳеҷ як соҳаи кишварро дар айни замон бе истифода аз интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Интернет ба як мактаби бузурге табдил ёфтааст, ки аз он тамоми донишҳои замонавиро ба даст меоранд, ба дигарон меомӯзанд, дар таҷрибаҳои рӯзмарра аз он истифода мекунанд. Аз интернет имрӯз на танҳо рӯзноманигорон, балки тамоми табақаҳои аҳолии кишвар аз толибилмон сар карда, то олимону нависандагон, сиёсатмадорону таҳлилгарон ва ҳатто деҳқонон ба таври васеъ истифода мебаранд.Хуллас интернет имрӯз ба як уқёнуси бузурге табдил ёфтааст, ки дар он тамоми ганҷи дунё нуҳуфтааст ва ҳеҷ як соҳаеро дар канор намегузорад. Аз ҳама муҳим арзиши хизматрасониҳои Интернет то рафт арзон шуда, ба ҳамагон дастрас мегардад. Интернетро минбари озод мегӯянд ва он воқеан минбари озод аст. Хадамоти алоқа кӯшиш ба он дорад, ки мардум аз ин озодӣ ба таври дуруст истифода баранд, аз он баҳрабардорӣ кунанд. Дастовардҳои интернетро дар ҳаёти рӯзмарраи худ истифода баранд ва аз сиёсати пешвоёни кишвар ва ҷаҳон огоҳ гарданд. Интернет бояд чунон мавриди истифода қарор гирад, ки сабаби пайдо шудани низоъҳои дохилӣ ва беруна нагардад. Мутаассифона, имрӯз Интернетро баъзеҳо ба минбари дашному ҳақорат ва нафрат табдил додаанд, ки бояд ин амали онҳо маҳкум шавад. Мо бояд дарк кунем, ки тараққиёти техникаву технологияи нав дар кишвари соҳибистиқлоли мо рӯз то рӯз бештар ба чашм мерасад, вале бархе онро на баҳри сайқал додани ҷаҳонбинию дониши худ, балки барои таҳқиру дашноми якдигар истифода мебаранд, ки ба хулқу одоби тоҷиконаи мо зебанда нест. Ба ин хотир Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи рӯзноманигорон ва истифодабарандагони Интернет хоҳиш менамояд, ки ин минбари бузургро ба нафъи худ, миллат ва давлат истифода баранд. Аз он дуруст баҳрабардорӣ кунанд ва этикаи истифодаи интернетро риоя кунанд. Агар мо имрӯз интернетро дуруст истифода кунем, одоби муоширатро риоя созем, онро ба манфиати халқу Ватан истифода барем, ҳама гуна баҳс дар бораи маҳдудияти сайтҳо барҳам мехӯрад. Дар даҳҳо кишварҳои мутараққии дунё фаъолияти сомонаҳоеро ки ташвиқоти зиддидавлатӣ мебаранд, ба таҳқиру ҳақорат машғуланд, амалҳои экстремистиро ташвиқ мекунанд, созмонҳои террористиро дастгирӣ менамоянд, маҳдуд ва ҳатто бозмедоранд, ки Тоҷикистони мо низ аз ин рӯйхат истисно нест. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, ки ҳар як шахс аз Интернет ва дигар воситаҳои ахбори умум истифода барад, озодона фикри худро баён кунад ва дар доираи қонун амал намояд. Вале ҳеҷ як қонун кафолат надодааст, ки ашхоси алоҳида дар интернет ба таҳқиру ҳақорати якдигар ва шахсиятҳои алоҳида даст зананд. Эъломияи ҳуқуқи башар ва моддаи 19-и Аҳдномаи байналмилал дар бораи ҳуқуқҳои шахрвандӣ ва сиёсӣ хукуқи шаҳрвандон ба озодии баёнро кафолат додааст. Боиси ифтихор аст, ки Аҳдномаи байналмиллал дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соли 1999 эътироф намуда, татбиқ намудани онро дар амал ба уҳда гирифтааст. Барои татбиқи ҳуқуқҳои истифодабарандагони шабакаҳои ҷаҳонии иттилоотӣ якчанд фармонҳои Президенти кишвар низ ба имзо расидаанд. Аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чорахои таъмин намудани дастрасӣ ба шабакаҳои ҷаҳонии иттилоотӣ» (аз сентябри соли 1999 № 1347); Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 5 ноябри соли 2003 №1174); Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон » (аз 7 ноябри соли 2003 №1175); Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Консепсияи давлатии сиёсати иттилоотӣ» (аз 30 апрели соли 2008 №451); Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон дар бораи ворид намудани илова ба кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум) « Ҳифзи шаъну шараф ҳангоми туҳмат ё таҳқир» (аз 28 декабри соли 2012 № 928) фармонҳое мебошанд, ки маҳз ба беҳтар гардонидани дастрасӣ ба шабакаҳои ҷаҳонӣ ва таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба иттилоот нигаронида шудааст. Бо арзи эҳтиром ва масъулият изҳор медорем, ки Хадамоти алоқа тарафдори он аст, ки дар Тоҷикистон фаъолияти ҳеҷ як сомона маҳдуд нашавад. Барои ҳамин ҳам мо ба ҳама муроҷиат намуда хоҳиш мекунем, ки ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд ва одоби истифодабарии Интернетро риоя кунанд. Пеш аз ҳама мо аз дорандагони сомонаҳо хоҳиш мекунем, ки дар кори худ масъулияти бештар зоҳир намуда, тарзи дурусти истифодаи онро ба роҳ монанд ва ба таҳқиру туҳмат дар сомонаҳои худ роҳ надиҳанд. Боварӣ аст, ки дар чунин маврид ҳеҷ нофаҳмие миёни истифодабарандагон ва танзимгарон боқӣ намемонад.Маркази матбуоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон