Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Париж рафт

Февраль 11, 2013 09:59

Душанбе, 11 феврал (АМИТ «Ховар»).- 10 феврали соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар маросими муаррифии «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ки 11 феврал дар қароргоҳи ЮНЕСКО барпо мегардад, бо сафари корӣ озими Париж шуд. Дар доираи сафар ба Париж вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ифтитоҳи чорабинӣ сухан гуфта, мулокоти дуҷониба, аз ҷумла, бо мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова баргузор хоҳад кард. Бояд зикр кард, ки 21 декабри соли 2012 Маҷмаи умумии СММ қатъномаро дар бораи «Баргузор намудани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ки аз ҷониби Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Мутобиқи қатъномаи мазкур 22 марти 2013 дар Ню-Йорк Муколамаи интерактивии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ҳамчунин моҳи августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба нақша гирифта шудааст.

Февраль 11, 2013 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад