Маслиҳатҳои муфиди Хадамоти муҳоҷират ба муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар»).- Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират тайи ҳафтаи охир зиёда аз 90 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистонро пеш аз сафар ба Федератсияи Россия қабул намуда, доир ба шароити будубоши онҳо дар Федератсияи Россия, оид ба «Депортатсия», «Гирифтани патент», «Иҷозатнома барои кор», «Муҳоҷирати бехатар», «Суғуртакунонии муҳоҷир», «Маълумотномаи тиббӣ», “Гирифтани музди меҳнат” ва ғайраҳо ба онҳо маслиҳатҳои муфид доданд.Бояд қайд кард, ки дар семоҳаи аввали соли равон ба ин бахш 28 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд, ки аризаҳои шаҳрвандон дар якҷоягӣ бо Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Россия баррасӣ шуда, аз натиҷааш ба муаллифи муроҷаткунандагон ҷавоб гардонида шуд. Тавре ки мудири бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират Дустмурод Умбаров иброз дошт, ҳар як шаҳрванде, ки пеш аз сафар ба Федератсияи Россияро доранд, бояд аз тарафи кормандони Бахш буклетҳо ва брошураҳо бо номҳои “Тавсия ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба хориҷа равона мегарданд” “Пеш аз сафар бидон” “Маслиҳатҳои муфид барои муҳоҷирони меҳнатӣ” “Кор дар хориҷа ва риоя намудани қоидаҳои зарурӣ” “Роҳнамо оид ба касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ” “Патент барои кор дар Россия” “Патент для работы в России” “Как получить разрешение на работу”, “Навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи россия” ва “Нововведения в миграционном законодательстве Российской Федерации”-ро дастрас намоянд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






