Ба Сафири Русия дар Душанбе ёддоштҳои ВКХ супорида шуд
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар»).- 23 апрели соли 2013 ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов даъват карда шуд. Дар вохӯрӣ нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба баромадҳои пай дар пайи шахсони воломақом ва ҷамъиятии Русия иброз шуда, зикр гардид, ки чунин суханҳо ба муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар халали ҷиддӣ ворид месозанд. Дар ёддошти ба Сафири Русия супоридашуда гуфта мешавад: «Вазъияте, ки мансабдорони воломақоми давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз тариқи ВАО суханҳои аз ҳақиқат дур, туҳматнок, таҳқиромез ва ғайридӯстона мегӯянд, моро нигарон намудааст. Чунин суханҳои таҳқиронаро роҳбари фраксияи ЛДПР дар Думаи давлатӣ В.Жириновский, ки дар барномаи «Поединок» аз 18 апрели соли 2013 баромад мекард, иброз дошт, ки на танҳо роҳбари ҷумҳурӣ, балки миллати тоҷикро таҳқир кардааст. Суханҳои таҳқиромези В.Жириновский, ки элитаи сиёсии Русияро муаррифӣ менамояд, ба руҳияи дӯстии анъанавии Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ намебошад». Ҷониби тоҷикистонӣ изҳороти Д.Рогозин, муовини Сарвазири Федератсияи Русияро, ки якчанд маротиба оид ба воридшавии шаҳрвандони Тоҷикистон аз тариқи роҳи оҳан ба Русия ва гӯё бо шиносномаи дохилии Тоҷикистон хати марзиро убур менамоянд, сухан гуфт, аз ҳақиқат дур медонад. Ба ҷониби Русия расонида шуд, ки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо роҳи оҳан равонаи Русия мешаванд танҳо бо шиносномаи хориҷӣ имконияти хариди чиптаро доранд ва бо дигар ҳуҷҷат аз хатти марзии Тоҷикистон гузашта наметавонанд, зеро қатора аз ду кишвар (Ӯзбекистон ва Туркманистон), ки бо Тоҷикистон низоми раводидӣ доранд, убур менамояд ва ин кишварҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро бо шиносномаи дохилӣ иҷозати гузаштан намедиҳанд. Оид ба додани шиносномаи хориҷӣ ҳаминро бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон 15 сол пеш шиносномаҳои хориҷиро ворид намудааст, ки дар ин бобат ҷониби Русия огоҳ шуда буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






