«Садои Меҳан» — падидаи нав бахшида ба Рӯзи радио
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- «Садои Меҳан» — чунин ном дорад китоби нави номзади илмҳои филология Саидмуроди Хоҷазод, ки дар арафаи иди касбии кормандони радио аз чоп баромад. Муаллиф бори аввал саҳми барномаи радиоии «Хоки Ватан»- ро дар бозгашти фирориёни иҷборӣ, барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба риштаи пажуҳиш кашидааст. Дар рисолаи илмӣ барномаи «Хоки Ватан» аз ҷиҳати мавзӯӣ, жанрӣ, ифодаи афкори фирориён, таъсири набардҳои иттилоотӣ ба афкори гурезагон ва умуман нақши таърихии ин барнома мавриди тадқиқ қарор гирифтааст. Он пажуҳиши тоза дар журналистикаи ватанӣ маҳсуб гардида, барои муаррихон, устодони донишгоҳҳо, пажуҳишгарони соҳаи ВАО, унвонҷӯён ва донишҷӯёни факултаҳои журналистика пешбинӣ шудааст Хотиррасон мекунем, ки китобҳои «Таърихи радиои Тоҷикистон», «Таърихи телевизиони Тоҷикистон», «Донишномаи радио ва телевизиони Тоҷикистон» ба қалами Саидмуроди Хоҷазод тааллуқ доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






