7920 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ дар давоми 5 соли охир
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Озмуни 3-юми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» имрӯз, 28 май дар Душанбе доир гардид.Дар он вазири корҳои дохилии ЧТ Рамазон Раҳимов иштирок намуда, оид ба иҷрои «Барномаи беҳдошти таьмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2013», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, сухан намуд.Зикр шуд, ки имсол ба таъсиси дастаи Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ 40 сол пур мешавад. Дар давоми 5 соли охир, яъне солҳои 2008-2012 ва семоҳаи аввали соли 2013 дар роҳҳои автомобилгарди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 7920 ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 2355 нафар иштирокчии ҳаракат дар роҳ ба ҳалокат расида, 8987 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Аз ин ҳисоб зиёда аз 20 фоиз фавтидагон ва 15 фоиз ҷароҳатбардоштагонро кӯдакону наврасони то синни 16 ташкил медиҳанд. Тавре ки Р. Раҳимов зикр намуд, аз таҳлилҳо ва омори ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бармеояд, ки қисмати зиёди садамаҳо бо айби наврасону ҷавонон рух дода, инчунин дар аксар ҳолатҳо худи наврасону ҷавонон дучори ҳодисаҳои нохуш гардида, ҳалок ва ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ мебардоранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






