Мулоқотҳои Э. Раҳмон бо Раиси Парлумон Қирғизистон
Душанбе, 28 май (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо мулоқотҳо бо Раиси Парлумон ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон идома ёфт.Субҳи имрӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба майдони Ғалабаи шаҳри Бишкек ташриф оварда, ба нишони эҳтиром ба арзишҳои миллию таърихии Ҷумҳурии Қирғизистон дар назди гулхании ёдгорӣ аз қаҳрамонону қурбониёни мардуми ин кишвар гулчанбар гузошт ва хотираи онҳоро пос доштДар мулоқот бо Раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Ҷумҳурии Қирғизистон Асил Жеенбеков масоили таҳкими асосҳои сиёсию ҳуқуқии муносиботи ду кишвар ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.Ба натиҷаҳои гуфтушуниди сатҳи олӣ, ки дирӯз ҷараён дошт ва азми устувори роҳбарияти ду кишвар ба таҳким ва густариши дӯстӣ ва ҳамкории судбахш баҳои баланд дода шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои густариши бештари робитаҳо пешниҳод намуд, ки гурӯҳи дӯстии миёни парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳисоби намояндагони мардумии ду кишвар таъсис дода шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






