Семинари омӯзишии ҷилавгирии хушунат дар оила

Май 28, 2013 15:53

Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо мақсади шиносоӣ бо Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷилавгирии хушунат дар оила» имрӯз, 28 май, дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Мақоми созмонҳои ҷамъиятӣ ва гуруҳҳои тиббию иҷтимоӣ дар ҷилавгирии хушунат дар оила» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори созмонҳои ҷамъиятии «Парастор», «Ақди никоҳ ва оила» ва «Ҷамъияти занони дорои маълумоти донишгоҳӣ» дар ҳошияи лоиҳаи фароҳам овардани шароити дастгирии заноне, ки дучори хушунат мешаванд, роҳандозӣ шудааст.Дар ҷараёни семинар муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷилавгирии хушунат дар оила» сурат гирифта, перомуни мақомоту созмонҳое маълумот дода шуд, ки хушунат дар оиларо ҷилавгирӣ мекунанд.Ҳамзамон зикр гардид, ки 19 марти соли 2013 Ҳукумати ҶТ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷилавгирии хушунат дар оила» — ро тасдиқ намуд, ки мақсад аз он танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нисбат ба ҷилавгирии зӯроварӣ дар оила мебошад.Қонуни мазкур расмияти маълумоти марбут ба хушунат дар оила ва масъулият барои риояи талаботи онро пешбинӣ мекунад.

Май 28, 2013 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад