Вохӯрии Г. Ҳасанова бо намояндагони Бонки олмонӣ

Май 28, 2013 15:10

Душанбе, 28 май. (АМИТ “Ховар”, Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Душанбе вохӯрии раиси БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ва муовини раиси раёсат Сироҷиддин Икромов бо намояндагони Бонки амонатгузории шаҳри Битбурги Олмон доир гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ Гулнора Ҳасанова перомуни таърих ва фаъолияти кунунии “Амонатбонк”, ҳамкориҳои хориҷии бонк бо институтҳои молиявии байналхалқӣ ва самтҳои асосии хизматрасониҳои бонк маълумоти муфаcсал пешниҳод намуданд.Роҳбари Бонки амонатгузории Битбург Инголф Бермес аз фаъолияти бонки худ маълумот пешниҳод намуд, ки фаъолияти он ба хусус дар соҳаи дастгирии соҳибкорӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон, ҷалби пасандозҳои дарозмуддат ва самтҳои марбут ба соҳоти фермерӣ мебошад. Тарафҳо пас аз гуфтушунид ба хулосае омаданд, ки самти кори фаъолияти БДА «Амонатбонк» ва Бонки амонатгузории Битбург- ин хизматрасонӣ ва дастгирии соҳибкорону нафақахӯрон аст. Пас аз ин Гулнора Ҳасанова масъалаи ҳамкорӣ ва такмили ихтисоси кормандонро дар ин бонки Олмон пешниҳод намуд, ки мавриди пазироии меҳмонон гашт.

Май 28, 2013 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад