Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – 5 июн дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист чорабинии идона доир шуд, ки дар он намояндагони Вазорати маориф ва созмонҳои ҷамъиятии экологӣ ширкат доштанд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Дар ҷараёни чорабинӣ натоиҷи озмуни экологии мактабиён барои дарёфти дипломи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъбаст гардид. Хотирнишон месозем, ки Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бо қарори Ассамблеяи генералии СММ соли 1972 муқаррар шуда буд. Дар Тоҷикистон ин рӯз аз соли 2008 иди давлатӣ эълон шудааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






