Барқияи табрикии Э.Раҳмон ба А.Лукашенко
Душанбе, 3 июл (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Муҳтарам Александр Григоревич, Барои ман боиси фараҳмандист, то ба Шумо табрикоти самимии худро ба муносибати Иди миллии Ҷумҳурии Белорус ирсол намоям.Бо қадрдонӣ аз равобити суннатӣ ва дӯстиву ҳамкории наздики байни кишварҳоямон боварӣ дорам, ки равобити муътамад ва созандаи байни Белорус ва Тоҷикистон дар оянда низ рушду густариш хоҳанд ёфт.Мутмаинам, ки мо бо ҳам метавонем ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ба нафъи мардуми ду кишвар нигаронидашуда такони тоза бахшем.Дар ин рӯзи таърихӣ ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич сиҳатии комил ва ба халқи дӯсти белорус сулҳу рифоҳ ва шукуфоиро орзу менамоям»
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






