Баррасии Созишномаи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҶТ дар ФР

Февраль 3, 2014 14:49

 
Душанбе, 3.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).-  Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз таҳти раёсати раиси ин мақоми олии қонунгузор Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид,  Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима карданд.  
       Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, созишномаи мазкурро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои итҷимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ баррасӣ намуда, иброз дошт, ки Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2004 ба имзо расида буд, ки он аз 19 модда иборат мебошад.
Лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004, 29 октябри соли 2013 дар шаҳри Маскав ба имзо расид.
Дар асоси протоколи мазкур ба банди 2 моддаи 4 «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004» тағйирот ворид гардида, рухсатнома барои кор ба корманд ба муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ на зиёда аз 3 сол дода мешавад.
Ҳуҷҷати мазкур гирифтани иҷозатномаи кориро ҳангоми фаъолияти корӣ дар қаламрави кишвари қабулкунанда ба муҳлати 3 сол бе гузаштани сарҳади кишвари қабулкунанда ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад.
Созишномаи мазкур барои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ заминаи боэътимод буда,  имкониятҳои мусоидро барои муҳоҷирони меҳнатӣ фароҳам меоварад. 
Раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон Маҳмадшариф Ҳақдодов, Хайринисо Юсуфӣ, Олимҷон Салимзода ва дигар аъзои Шӯро роҷеъ ба мавзӯъҳои рӯзнома фикру андешаҳои худро баён дошта, қабули санадҳои мазкурро барои рушди арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ карданд.
 
 
 
 
 
 
 
 

Февраль 3, 2014 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад