2,4 баробар афзудани ҷинояткорӣ дар Ваҳдат

Апрель 18, 2014 09:26

Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба шаҳри Ваҳдат, ки 15 апрели соли ҷорӣ сурат гирифт, иброз намуд, ки бо вуҷуди тадбирҳое, ки андешида шудаанд,  доир ба тарбияи наврасону ҷавонон ва пешгирӣ кардани қонуншиканӣ дар байни онҳо дар семоҳаи якуми соли 2014 сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасони шаҳри Ваҳдат 2,4 баробар афзудааст. Хусусан ба ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва гурӯҳҳои террористӣ боиси ташвишу нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Бинобар ин, бори дигар бояд таъкид сохт, ки ба тарбияи насли ҷавон муносибати бисёр ҷиддӣ ва масъулона зоҳир намоянд, чунки ин вазифаи роҳбарону фаъолон, устодону омӯзгорон, падару модарон, зиёиён ва умуман ҳамаи табақаҳои ҷомеа мебошад.
Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат вазифадор аст, ки ҷиҳати татбиқи барномаҳои маҳаллии сиёсати ҷавонон тадбирҳои муассирро амалӣ намояд.
 
 

Апрель 18, 2014 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад