Хуҷанд: сафарбаркунии аввалини даъватшавандагон
Хуҷанд, 02.04.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Шурӯъ аз 1-уми апрел дар кишвар даъвати баҳорӣ ба сафи нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид. Дар шаҳри Хуҷанд низ баҳри таъмини даъвати баҳорӣ таҳти роҳбарии муовини аввали раиси шаҳр ситоди даъвати баҳорӣ ташкил шудааст. Гурӯҳи аввали даъватшавандагони Хуҷандшаҳр ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар иборат аз 50 нафар имрӯз, 2 апрел сафарбар мешаванд.
Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ, чун ҳамасола соли равон низ тантанаи гусели гурӯҳи аввалини даъватшавандагон дар назди майдони Исмоили Сомонии шаҳр доир мегардад. Мувофиқ ба маълумоти манбаъ ҳамасола аз шаҳри Хуҷанд тибқи тақсимот 160 нафар ҷавон ба хизмат сафарбар мешавад.
Сафарбаркунии гурӯҳи аввалини даъватшавандагони вилояти Суғд ба қисмҳои низомии кишвар 4 апрел дар назар гирифта шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки даъвати баҳорӣ аз 1 апрел оғоз ёфта, то 31 май давом мекунад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






