Ифтитоҳи корхонаҳои коркарди чарм ва истеҳсоли қубурҳои пластикии қутрҳои калон
Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар кўчаи Дўстматови шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзол аз он ва корхонаи қубурҳои пластикии калонқутр ба кор дароварда шуд.
Тавре аён гардид, корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзоли чармии бозоргир дар назди ҶДММ Доро оҳангар бо харҷи наздики 10 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаҳҳор Холов ва шарикони хориҷии ў аз Созмони сармоягузории Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бунёд ёфта, бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар ин корхона бо иқтидори кунунияш дар як сол то 500 ҳазор дона пўсти чорвои калону майда мавриди коркард қарор гирифта, аз он дар коргоҳи дўзандагии ҳамин корхона либос ва пойафзоли гуногуни чармӣ истеҳсол мешавад. Дар оѓози кор истеҳсоли то 20 намуд маҳсулоти тайёри чармӣ ба роҳ монда шуда, минбаъд номгўйи он мувофиқ ба талаботи бозор афзун хоҳад шуд.
Чунонки зикр гардид, ин корхона танҳо қадами аввали кори муштараки ин соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб аст. Онҳо азм доранд, ки оянда шумораи чунин корхонаҳоро афзун намуда, бо либосу пойафзоли чармӣ натанҳо бозори Тоҷикистонро пурра таъмин кунанд, балки содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд. Иттилоъ дода шуд, ки тибқи натиҷаи нишондодаи озмоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ пўсти чорво аз Тоҷикистон ба стандартҳои баландтарин ҷавобгўй буда, дар озмун сазовори ҷойи аввал шудааст.
Дар давраи аввали кори корхона дар он наздики 100 нафар ба кори доимӣ ҷалб шудаанд. Ояндаи наздик дар ин ҷо беш аз 400 ҷойи корӣ муҳайё мегардад.
Намояндаи воломақоми ин созмони сармоягузории арабӣ Абдулло Рашид Лута изҳор дошт, ки аксари фоидаи аз ин кор ҳосилшаванда ба корҳои хайрия дар Тоҷикистон равона хоҳад шуд.
Корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии калонқутр бошад, аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, дар он ду хатти технологӣ васл шудааст.
Дар яке аз онҳо қубурҳои қутри аз 200 то 630 мм ва дар дуюмаш аз 630 то 1200 мм истеҳсол мешавад. Корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии қутри аз 630 то 1200 мм нахустин ва алҳол ягона дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна мебошад.
Дар ин корхона бо иқтидори кунуниаш дар як сол аз 13 ҳазор тонна ашёи хом қубурҳои гуногуни ба фишори баланд тобовар тавлид хоҳад ёфт. Қубурҳои ин корхона барои расондани оби нўшокӣ, оби кишоварзӣ ва гази табиӣ пешбинӣ шуда, зиёда аз 50 сол хизмат хоҳанд кард.
Ин корхона бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 45 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1200 сомонӣ таъмин гардидаанд.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www. president. tj» дастрас намоед.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www. president. tj» дастрас намоед.