Таҷлили ҷашни Истиқлолият дар Хуҷанд
Душанбе, 8.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ҷашни 23-солагии Истиқололияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозирон ва меҳмонону сокинони маркази вилоятро бо ин иди фархундаи худшиносию озодӣ табрик намуда, зикр кард, ки соли равон низ бо шарофати истиқлолияти кишвар дар қаламрави шаҳри Хуҷанд бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти кишвар ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфтанд.
Бояд зикр намуд, ки таҷлили 23- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ба истиқболи ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла, 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 600-солагии шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ рост омад.
Дар интиҳо барномаи адабӣ-фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






