Чаро имом -хатиби масҷид маводи нашъаовар нигоҳ медошт?

Октябрь 14, 2014 09:39

Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-  Дар  доираи амалиёти “Кӯкнор-2014” кормандони  Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар ҳудуди ноҳияи Вахш имом-хатиби 36-солаи масҷиди ҷомеи ба номи “Абубакри Сиддиқ”-и шаҳри Қӯрғонтеппаро  боздошт намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 4 қуттии вазелин ва бастаи селофанӣ бо маводи қаҳваранг дарёфт гардид.
Тавре ки ташхиси судӣ муайян намуд, маводи боздоштшуда афюн буда, тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки имом-хатиб худ афюн истеъмол менамудааст ва онро дар байни сокинон мефурӯхтааст. Зимни чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷумла ду нафар сокини вилоят дастгир гардид, ки ба имом-хатиб афюнро мефурӯхтаанд. 
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти АНМН, аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи шуъбаи тафтишотии агентӣ бо моддаи 200 қ.2 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид. 
Боздоштшудагон дар  тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Раёсати агентӣ нигоҳдорӣ мешаванд. 
 
 

Октябрь 14, 2014 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад