Китобхонаи электронӣ дастрас аст

Октябрь 27, 2014 14:05

Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно  Нусратуллозода). — Бо  ибтикори   шуъбаи  равобити байналмилалӣ ва  тадқиқоти  илмии Пажӯҳишгоҳи  молиявию  иқтисодии  Тоҷикистон  семинар  дар  мавзӯи «Истифодаи  китобхонаи  электронии  илмии  Тоҷикистон»  баргузор  гардид. 
Тавре  ки   аз пажӯҳишгоҳи  мазкур  хабар  доданд,  муовини  ректор  оид ба  равобити  байналмилалии  он Баҳром  Сафаров дар  семинар  зикр  намуд, ки  Пажӯҳишгоҳи   молиявию  иқтисодии  Тоҷикистон  аз  соли  2012  узви Китобхонаи  электронии   илмӣ  ба  шумор  меравад. Соли  ҷорӣ  дар  фаъолияти  пажӯҳишгоҳ  бархе  тағйирот   рух дода ва  манзури  семинар бо  тағйироти  мазкур  шинос  кардани  истифодабарандагони  китобхонаи  электронӣ мебошад.
Меҳмони  семинар —  ҳамоҳангсози  барномаи  Китобхонаи  электронии  илмии  Тоҷикистона  Сокина  Каримова  иштирокдорони онро  бо  вазифа  ва самтҳои  асосии  фаъолияти он  шинос  кард.
Директори  китобхонаи илмии Пажӯҳишгоҳи  молиявию иқтисодии  Тоҷикистон  Баҳоваддин Қодиров   зимни  суханрониаш  зикр  намуд, ки пажӯҳишгоҳ баробари 174  созмону  муассисаҳои  ҷумҳурӣ узви Китобхонаи электронии  илмӣ  буда,  аз   захираҳои  иттилоотии   он  бархӯрдор  аст. 
Қобили  зикр  аст, ки  Китобхонаи  электронии  илмии  Тоҷикистон  имконияти  истифода  аз  мақолаҳои  илмии  муаллифони  кишвару  хориҷиро  фароҳам  меорад.

Октябрь 27, 2014 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 39 дараҷа мерасад
Волейбол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати тиҷоратӣ дастгирӣ ёфт
4 август дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
1 август дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар якчанд кумитаю муассиса нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» навсозӣ мешавад
Ҷаласаи Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон доир гардид
1 август дар якчанд кумитаю муассиса нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад