Китобхонаи электронӣ дастрас аст
Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода). — Бо ибтикори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва тадқиқоти илмии Пажӯҳишгоҳи молиявию иқтисодии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи «Истифодаи китобхонаи электронии илмии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Тавре ки аз пажӯҳишгоҳи мазкур хабар доданд, муовини ректор оид ба равобити байналмилалии он Баҳром Сафаров дар семинар зикр намуд, ки Пажӯҳишгоҳи молиявию иқтисодии Тоҷикистон аз соли 2012 узви Китобхонаи электронии илмӣ ба шумор меравад. Соли ҷорӣ дар фаъолияти пажӯҳишгоҳ бархе тағйирот рух дода ва манзури семинар бо тағйироти мазкур шинос кардани истифодабарандагони китобхонаи электронӣ мебошад.
Меҳмони семинар — ҳамоҳангсози барномаи Китобхонаи электронии илмии Тоҷикистона Сокина Каримова иштирокдорони онро бо вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти он шинос кард.
Директори китобхонаи илмии Пажӯҳишгоҳи молиявию иқтисодии Тоҷикистон Баҳоваддин Қодиров зимни суханрониаш зикр намуд, ки пажӯҳишгоҳ баробари 174 созмону муассисаҳои ҷумҳурӣ узви Китобхонаи электронии илмӣ буда, аз захираҳои иттилоотии он бархӯрдор аст.
Қобили зикр аст, ки Китобхонаи электронии илмии Тоҷикистон имконияти истифода аз мақолаҳои илмии муаллифони кишвару хориҷиро фароҳам меорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






