Шароити мусоид барои забономӯзӣ

Октябрь 8, 2014 10:10

Душанбе, 8.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-  Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди рӯзи қабули Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» чорабинии идона доир гардид. 
«Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Ин иқдоми наҷиб нуфузу эътибори забони давлатиро ҳамчун асоситарин воситаи рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва муоширати умумии сокинони мамлакат боз ҳам боло бурд»,-иброз намуд раиси кумитаи мазкур Хайрулло Ибодзода. 
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки тибқи талаботи замони муосир ва дар шароити ҷаҳонишавӣ, васеъ гаштани мақоми иттилооти ҷаҳонӣ аз тариқи шабакаҳои интернету алоқаи маҳворагӣ бояд кӯшиш ба харҷ дод, то дар қатори донистани забони давлатӣ забонҳои хориҷӣ, махсусан русию англисӣ низ омӯхта шаванд. Имрӯзҳо барои забономӯзӣ шароити мусоид фароҳам аст.
Зимни ҳамоиш иштирокчиён дар самти поку беолоиш нигоҳ доштан ва барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо забони адабӣ муошират кардани ҳар як нафар андешаҳои хешро баён доштанд.
 

Октябрь 8, 2014 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад