М. Неъматов: Парчами миллӣ-муаррифгари давлату миллат
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дар саросари кишварамон ҷашни Парчами давлатӣ ботантана таҷлил мешавад. Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати рӯзи Парчам чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ҳазорҳо ҳамватанонамон шуниданд. Доир ба нақш ва манзалати Парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва муаррифгари давлату миллат дар саросари олам хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов мусоҳиба анҷом дод, ки фушурдаи онро пешкаш менамоем:
-Муҳтарам сафир, таассуроти Шумо аз Паёми Сарвари давлат ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ чӣ гуна аст?
-Суханони Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа ва дар айни замон мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад, зеро парчам ҳамчун ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад» боиси боло шудани ҳисси ватанпарастӣ ва ифтихори миллии онҳо гардид.
Имрӯз давлати соҳибистиқлоламон ва таъриху фарҳанги бою ғании миллиамон дар ҷаҳони муосир ҳанӯз ҳам ба муаррифии бештар ниёз дорад. Яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдориамон Парчами миллӣ дар асл дар муарррифии давлату миллатамон дар ақсои олам нақши шоиста дорад. Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ, шуруъ аз СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ аъзо гардид, ки дар пештоқи қароргоҳи онҳо Парчами Тоҷикистони азиз парафшонӣ менамояд. Борҳо шоҳид гардидаам, ки ба хотири анҷоми сафарҳои давлатию расмии Сарвари давлатамон ба кишварҳои гуногун гулгашту хиёбонҳои пойтахтҳои ин кишварҳо бо парчами Тоҷикистон зеб дода шудаанд, ки ин эътироф ва эҳтиром ба давлату миллатамон мебошад.
-Нақши Парчам дар муаррифии давлату миллӣ то кадом сатҳ аст?
-Имрӯзҳо дар қитъаҳои гуногуни олам сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои дипломатии кишварамон фаъолият менамояд, ки Парчами давлатӣ қароргоҳҳои онҳоро зеб дода, рисолати муҳим-муаррифӣ аз давлати соҳибистиқлоламон ва миллати сарбаландамонро анҷом медиҳад.
Боиси ифтихору шодмонист, ки фарзандони даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо донишу фарҳанги баланд ва истеъдоди варзишиашон ҳамарӯза дар даҳҳо озмуну форуму фестивалҳо ва чорабиниҳои гуногуни варзишии сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ иштирок мекунанд. Ва ҳамеша онҳо бо худ парчами милллиро ҳамроҳ мегиранд ва бо ифтихори баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ин рамзи муқаддасоти миллиро болои сари худ алвонҷ медиҳанд. Танҳо ба хотири иштироки намояндагони давлатамон дар чорабиниҳои гуногуни сиёси иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ дар кишварҳои хориҷӣ ҳамарӯза парчами Тоҷикистон боло мегардад.
Ҳангоме ки ба хотири ҳунари воло ва дастовардҳои баланди варзишии варзишгаронамон дар кишварҳои пешрафтаи олам парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол баланд бардошта мешаваду ба хотири эҳтиром ба он ҳазорон аз ҷой бармехезанд, ҳар як фарзанди ватандӯстро эҳсоси баланди ифтихори ватандорӣ фаро мегирад. Дар ин лаҳзаҳо мардумони миллатҳои гуногун дар бораи миллату давлати мо суҳбат мекунанду ба фарзандони барӯманду ҳунарманди мо аҳсан мехонанд.
Ёдам меояд, вақте дар бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Гуанҷои Чин гурзпартои маъруфи тоҷик Дилшод Назаров гурзро аз ҳамаи ҳарифонаш дуртар ҳаво доду сазовори медали тилло гардид ва ба хотири ғалабааш парчами Тоҷикистони азиз боло шуда, суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод, ба хотири эҳтиром ба ин муқаддасоти миллӣ беш аз 60 ҳазор тамошобин аз кишварҳои гуногуни олам аз ҷой бархестанд. Ва Дилшод Назаров бо виқори тоҷикона ва қадамҳои рустамона болои сараш парчами миллӣ варзишгоҳро давр мезаду тамоми тамошобинон ба ӯ каф мекӯфтанд.
Яъне ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпараст ва ифтихорманди имрӯза имкон дорад бо ҳунари воло ва ақлу дониши баландаш дар кишварҳои гуногуни ҷаҳони муосир сабабгори боло шудани парчами миллиамон гардаду ба ин восита сабабгори муаррифии миллату давлати хеш гардад, ки ин қарзи фарзандонаи ҳар як фарди бонангу номуси ватан пеши модари ягона Тоҷикистони азиз ба ҳисоб меравад. Бо ин ниятҳои нек тамоми ҳамдиёронро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, таманнои он менамоем, ки то оламу одам ҳаст, истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон побарҷо бошаду болои сари фарзандони ин миллати сарбаланд дар ҳама арсаҳои ҳаёти ҷомеа Парчами миллиамон болафшонӣ кунад.
-Ташаккур барои суҳбат!