Санҷиши риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ
Душанбе, 26.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи вилояти Суғд вазъи ҳуқуқӣ ва риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар бозори «Шоҳроҳи Абрешим» таҳти санҷиш қарор доданд.Дар ҷараёни санҷиш муайян шуд, ки ҶДММ КМ «Шоҳроҳи Абрешим» барои фаъолият оид ба таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор дар хориҷа ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дошта, барои ҷалби 300 нафар мутахассис аз Чин расман иҷозат дорад.Дар айни ҳол дар ҶДММ КМ «Шоҳроҳи Абрешим» 130 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии мардумии Чин ва 360 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.Ба иттилои сомонаи расмии раиси вилояти Суғд зимни тафтиш ҳуҷҷати зиёда аз 120 нафари онҳо аз назар гузаронида шуда, дар байнашон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






