Рақибони тими мунтахаби кишвар дар Ҷоми ҷаҳон-2018 муайян шуданд
Душанбе, 15.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дирӯз дар асоси қуръакашии даври дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол-2018, ки дар пойтахти Малайзия- шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд, тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, марҳилаи дуюми интихобӣ барои мунтахаби Тоҷикистон 11 июни соли равон дар Душанбе дар дидор ба муқобили мунтахаби Урдун шурӯъ мешавад.
Гуфта мешавад, натиҷаи қуръакашии даври дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол-2018, ки беш аз 40 дастаҳои миллии кишварҳои Осиё иштирок доранд, дастаҳои миллии ИМА, Арабистони Саудӣ, Фаластин, Тимори Шарқӣ, Малайзия дар гурӯҳи «А», дар гурӯҳи «В» Австралия, Урдун, Тоҷикистон, Қирғизистон, Бангладеш, дар гурӯҳи «C» Чин, Қатар, Молдив, Бутан, Ҳонконг, дар гурӯҳи «D»Эрон, Умон, Ҳиндустон, Туркманистон, Гуам, дар гурӯҳи «E» Ҷопон, Сурия, Афғонистон, Сингапур, Камбоҷа, гурӯҳи «F»: Ироқ, Ветнам, Тайланд, Индонезия, Тайван, дар гурӯҳи «G»: Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, Лубнон, Мянмар, Лаос, ва дар гурӯҳи «H»: Ӯзбекистон, Баҳрайн, Филиппин, Кореяи Шимолӣ, Яман шомил гаштаанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






