Матбуоти Миср дар бораи Конфронси байналмилалии “Об барои ҳаёт”

Май 4, 2015 09:42

Душанбе, 4.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — 1 майи соли 2015 аксари хабаргузориҳои калони Миср, аз ҷумла ал-Аҳром, ал-Явм-ус-собеъ, аш-Шуруқ, ал-Мисрӣ ал-явм, ал-Балад, ат-Таҳрир, ал-Баввоба, Ахборак ва ғайра бо истинод ба Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна (MENA) хабареро дар бораи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбтиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки дар Душанбе 9-11 июни соли 2015 баргузор мегардад, мунташир карданд. Дар зер тарҷумаи тоҷикии он навид омадааст: 
“Тоҷикистон ба Миср барои иштирок дар Конфронси оби СММ,  ки моҳи оянда баргузор мегардад, даъватнома фиристод
Қоҳира. Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна. 1 майи 2015. Ҳукумати Тоҷикистон ба Нахуствазир Иброҳим Маҳлаб барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар -Душанбе баргузор мегардад, даъватнома фиристод.
Баёнияе, ки онро имрӯз Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира паҳн намудааст, таъкид мекунад, ки ҷониби Тоҷикистон таваққуъ дорад, ки Миср ба сифати кишвари меҳварии минтақа дар ин конфронсе, ки дар Душанбе баргузор мегардад, фаъолона ширкат хоҳад намуд. Баёния меафзояд, ки ҳадафи асосии конфронс баррасии фарогири тамоми масъалаҳое, ки ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 тааллуқ доранд, мебошад ва он Конфронс дар бозбинии фарогири Даҳсолаи байналмилалии мазкур нақши муҳим хоҳад бозид.
Баёния тавзеҳ медиҳад, ки  конфронс фурсате барои баррасии чолишҳое мебошад, ки татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ бо онҳо рӯбарӯ шудааст. Дар асоси тавсияҳо тадбирҳои бештар, аз ҷумла гузоштани саҳм дар тарҳрезии  ҳадафҳои  рушди  устувор  барои  захираҳои  об  қабул  хоҳанд  шуд. Ишора шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъала аҳаммияти фаровон медиҳад ва дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ чанд тадбиреро барои таъмини иҷрои муваффақонаи Даҳсолаи байналмилалӣ андешидааст.
Дар ин росто, Тоҷикистон чанд конфронсеро баргузор намудааст, аз ҷумла Конфронси байналмилалӣ роҷеъ ба ҳамкорӣ дар ҳавзаи рӯдҳои фаромарзӣ, 30 май-1 июни 2005 дар Душанбе, Конфронси байналмилалӣ оид ба пешгирӣ аз хатари офатҳои табиии марбут ба об, 27-29 июни 2008 ва Конфронси байналмилалии сатҳи баданд роҷеъ ба бозбинии фарогири миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 8-10 июни 2010. Гузашта аз ин, Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро 27-29 августи 2013 мизбонӣ кардааст.”

 
 

Май 4, 2015 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд