Нишасти илмӣ доир ба «Давлати Каёниён»
Душанбе, 4.05.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) 30 апрел дар атрофи китоби академик Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ «Давлати Каёниён» бо иштироки доираи васеи устодон ва донишҷӯён нишасти илмӣ доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар нишаст дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сироҷиддин Эмомов дар мавзӯи «Фаъолияти кофтуковҳои археологии академик Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ», муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Фирӯза Абдулвоҳидова дар мавзӯи «Карон аз нигоҳи Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ» ва Асадулло Муллоҷонов мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар атрофи китоби «Давлати Каёниён»-и Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ ҳарф зада, зикр намуданд, ки давлати Каёниён дувумин давлати қадими ориёиҳо ба ҳисоб рафта, аз рӯи солшумории аҳди қадим 738 сол ҳукмронӣ кардаанд. Номи чанде аз шоҳони ин сулола то ба мо омада расидааст. Аввалин шоҳи Каёниён Кайқубод бо ёрии Зол ва Рустам ба подшоҳӣ мерасад. Ӯ тақсимоти маъмурию ҳудудӣ гузаронида, подшоҳии худро ба кутҳо (вилоятҳо), ноҳияҳо ва шаҳристонҳо тақсим кард ва барои таъмини лашкар андози даҳякро ҷорӣ намуд. Пойтахти Каёниён шаҳри Балх буд.
Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ дар бораи кофтуковҳои археологии худ ва аҳамияти китоби тозаэҷодаш бо номи «Давлати Каёниён» маълумоти мушаххас дода, гуфт, ки давлати Каёниён дар давраи Гуштосп (Виштосп) хеле нашъунамо ёфт. Ин шоҳ сохтори маъмурию идоравиро такмил дода, девонҳои нав кушод ва вазифаи вазирро ҷорӣ кард. Пайдоиши девонҳо аз он далолат мекунад, ки дар замони Гуштосп (Виштосп) давлати нисбатан мутамарказ ва тараққикарда ташкил шуда буд.
Дар анҷом миёни иштирокдорон музокира сурат гирифт.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






