Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсола дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист
Душанбе, 14.07.2015.(АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Имрўз дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки имрўз дар тамоми дунё ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, махсусан баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад.
Моҳи июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 ва муайян намудани талошҳои минбаъда ҷиҳати ноил гардидан ба рушди устувори захираҳои об доир гардид, ки кумита дар тамоми ҳамоишу нишастҳои ин чорабинии муҳим фаъолона иштирок намуд. Аз ҷумла, дар арафаи баргузории конфронси мазкур кумита якҷоя бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва дафтари Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд Форуми душанбегии кишварҳои кўҳӣ “Об ва кўҳҳо”-ро доир намуд. Дар кори Форум намояндагони зиёда аз 120 давлат ва ташкилот, ки вобаста ба рушди минтақаҳои кўҳсор фаъолият мекунанд, иштирок намуданд.
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 9 конвенсияи экологии Созмони Милали Муттаҳид шомил гардида, яке аз кишварҳои пилотӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим интихоб шудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар давраи ҳисоботӣ боз ба як Конвенсияи СММ оид ба савдои байналмилалии навъҳои набототи ёбоӣ ва ҳайвоноти ваҳшӣ, ки мавриди таҳдиди нобудшавӣ қарор доранд, шомил гардидем.
-Дар шаш моҳи соли равон 32 вохўрии роҳбарияти кумита бо намояндагони ташкилоти байналмилалӣ доир гардид,-афзуд раиси кумита ва илова кард, ки дар кумита 3 лоиҳаи грантии экологӣ амалӣ шуда истодааст. Барои пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, иқдоми ҷумҳуриявии «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва “Тозагии роҳҳо” гузаронида шуд, ки дар онҳо зиёда аз 175,5 ҳазор нафар аз табақаҳои гуногуни аҳолӣ, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар муассисаҳо иштирок намуданд.
Кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии нав зери шиори “Об барои рушди устувор” якдилона ҷонибдорӣ намуда, барои татбиқи он тамоми имконияту иқтидори мавҷударо истифода менамоянд ва фаъолияти худро барои таъмини сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат равона месозанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






