Суханҳои ҳикматомези Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони тоҷикӣ
Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Китоби «Суханҳои ҳикматомези Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони тоҷикӣ» дар тарҷумаи рӯзноманигор Сайфулло Қулаев таҳти унвони «Президент Эмомали Рахмоннинг тожик тили тӯғрисидаги ҳикматли сӯзлари» бо забони ӯзбекӣ дар нашриёти «Илтифот» ба табъ расид. Мураттиб ва муаллифи сарсухани китоб ба забони тоҷикӣ Мушовири калони Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Шералӣ Сайидзода мебошад.
Дар китоби мазкур оид ба омӯзиш, ҳифзу ҳимоя, қадрдонӣ ва баланд бардоштани қудрату тавоноии забони тоҷикӣ суханҳои пурҳикмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оварда шудаанд.
Дар китоби «Президент Эмомали Рахмоннинг тожик тили тӯғрисидаги ҳикматли сӯзлари» он гуфтаҳои ҳикматомезе дар бораи забони тоҷикӣ гирдоварӣ шудаанд, ки дар оянда барои рушд ва тавсеаи забони давлатӣ ҳамчун дастур хизмат карда метавонанд.
Китоб барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






