Вуруди маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ кам шудааст
Душанбе, 14.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар нимсолаи аввали соли 2015 ба ҷумҳурӣ 282,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,63 ҳазор тонна кам мебошад.
Тавре ки Абдуфатоҳ Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми июл дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон гуфт, дар шаш моҳи соли 2015 ба ҷумҳурӣ 282,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки танҳо аз ҳамин ҳисоб ба буҷаи ҷумҳурӣ тақрибан 80 млн. сомонӣ ҳамчун пардохти гумрукӣ ворид нагардид.
Ҳамчунин ӯ афзуд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти орд ба миқдори 16,8 ҳазор тонна, нуриҳои минералӣ ба миқдори 3,1 ҳазор тонна ё ба маблағи 3,2 млн доллар, чўбу тахта ба миқдори 101 ҳазор м3, семент ба миқдори 227,8 ҳазор тонна ё ба маблағи 6 млн доллар, воситаҳои нақлиёти сабукрав ба миқдори 15,1 ҳазор адад коҳиш ёфтааст, ки аз ин ҳисоб тақрибан 220-225 млн.сомонӣ пардохти гумрукӣ ба буҷети мамлакат ворид нагардид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






